Дар бораи хизматрасонӣ

Хуш омадед ба «ОҳангБазм» — платформаи миллии мусиқии Тоҷикистон!

«ОҳангБазм» танҳо караоке набуда, фазои рақамии беназир барои муштариёнест, ки дар он муҳаббати Шумо ба мусиқии тоҷик ба мукофотҳои арзишманд табдил меёбад. Гӯш кунед,сароед, бо дӯстон рақобат кунед ва исбот кунед, ки маҳз Шумо ситораи асосӣ ҳастед!

Дар портал чӣ интизори Шумост:

Караокеи миллӣ бо баҳодиҳии AI: Хитҳои дӯстдоштаи эстрадаи тоҷикро зери минусовкаҳои босифат хонед. Зеҳни сунъии мо дақиқии бо нотаҳои мусиқӣ тавъам сароидани Шуморо арзёбӣ карда, одилона Нота медиҳад.

Гӯшдиҳии пӯшида: Сабтҳои худро бидуни нашри ном бор кунед! Корбарон танҳо ба овози Шумо баҳо медиҳанд, бидуни донистани шахсияти Шумо. Лайк ҷамъ кунед ва дар раддабандии мардумӣ боло равед.

Викторинаи «Оҳангро биёб»: Оё ҳамаи хитҳоро аз ёд медонед? Суруди онро дар 5 сония биёбед ва «Нота» ба даст оред.

Варианти обуна

Ҳаққи абонентӣ

  • 1.50 TJS — дар як рӯз
  • 7 TJS — дар як ҳафта
  • 30 TJS — дар як моҳ

Лимити иловагӣ

  • 2.00 TJS — барои бастаи иловагӣ.

*Ҳамаи нархҳо бо назардошти ҳамаи андозҳо нишон дода шудаанд.

Идоракунии обуна

  • Чӣ тавр пайваст бояд шуд: Фармони USSD-ро пахш кунед: *1555# (Шумо SMS бо истиноди воридшавии автоматӣ мегиред).
  • Чӣ тавр бастаи иловагӣ бояд харид: Фармони USSD-ро пахш кунед: *1555*5# ё дар Утоқи шахсӣ тугмаро пахш кунед.
  • Чӣ тавр қатъ бояд кард: Фармони USSD-ро пахш кунед: *1555*00#.

Шартҳои пешниҳод:

  • Ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо мавҷудияти интернети мобилӣ ба платформа барои сароидани суруд, баҳо додан ба дигар иштирокчиён ва ба викторина дастрасӣ дошта метавонед.
  • Пардохти обуна (1.50 TJS/7TJS/30TJS) ба таври автоматӣ 1 маротиба дар як шабонарӯз/ҳафта/ моҳ ситонида мешавад. Дар сурати тарофабандии бомуваффақият, лимитҳои рӯзона ба Шумо дастрас мешаванд: 10 амал дар Караоке ва 5 кӯшиш дар Викторина.
  • Ҳангоми истифодаи хизматрасонӣ тарофабандии трафики интернет тибқи нақшаи тарофавии ҷорӣ ва захираҳои пардохтшудаи Шумо амалӣ мешавад.
  • Агар Шумо аз хизматрасонӣ тавассути Wi-Fi ё дар шабакаи провайдери дигар истифода баред, система аз Шумо мехоҳад, ки рақами телефонатонро барои авторизатсия ва тасдиқи ҳолати обуна ворид кунед.

Талаботи техникӣ:

  • Барои сабти овози Шумо ва баҳодиҳии он аз ҷониби зеҳни сунъӣ, бояд ба браузер иҷозати дастрасӣ ба микрофони дастгоҳ диҳед.
  • Хизматрасониро ба осонӣ дар браузерҳои мобилии замонавӣ истифода кардан мумкин аст: Chrome, Safari, Yandex Browser дар Android 6.0 ва болотар, iOS 12.0 ва болотар.
  • Кори дурусти микрофон ва плейери аудио дар браузерҳои Opera Mini, UC-browser ва браузерҳои кӯҳнаи дохилӣ кафолат дода намешавад.
  • Ба зеркашии барномаҳои вазнин зарурат нест. Хизматрасонӣ барои ҳамаи муштариён дастрас аст.

Сидқан сароед, бо завқ иштирок кунед ва мукофотҳои пулӣ, гаджетҳои ҷолиб ва ҷоизаи асосиро ба даст оред!